Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода таҷлил гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазири мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, Наврӯз ва мақому манзалати онро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
барои ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки Наврӯз ҷашни табиат буда, назофату зебоӣ, нуру зиё, ростию хушахлоқиро таҷассум намудааст. Хусусан, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ба ҳукми анъана даромада, ба ин васила ҷодаҳо сарсабзу хуррам мегарданд, ки бозгӯи якдилию муттаҳидии мардумамон мебошад.
Иштирокдорони ҳамоиши ҷашнӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз, муаррифии миллати тоҷик ва анъанаҳои неки ниёгонамон ба ҷаҳониён, қабул гардидани қатъномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу экология, аз ҷумла пиряхҳо шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиши ҷашнӣ тавассути монитор лавҳаҳо дар бораи суннатҳои неки наврӯзӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд. Инчунин ба ғолибони бозиҳои шоҳмоту шашка, дастхобонӣ ва ороиши хони наврӯзӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Иштирокдорони ҳамоиши ҷашнӣ ҳамзамон гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хони таомҳои миллиро бо ороиши ҳафтсину ҳафтшин тамошо намуда, ба ҳунари кадбонуҳо баҳои баланд доданд. Дар қисмати дигари ҳамоиши ҷашнӣ иштирокдорон бо шукргузорӣ аз файзи истиқлол ва сулҳу субот гирди хони наврӯзӣ ҷамъ омада, аҳли санъат бо суруду таронаҳои дилошӯб дар васфи Ватан, баҳору Наврӯз хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар ҳамоиши идонаи наврӯзӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд бо анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои бостонии тоҷикон, хусусан таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз шинос шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






