НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд

Март 18, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   дар мавзуи «Наврӯз – рамзи дӯстӣ ва сулҳ байни халқҳо» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузоштаанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад, то ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннату анъанаҳои Наврӯз ва муаррифии фарҳанги миллӣ мусоидат намояд.

Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон на танҳо дар байни мардуми тоҷик, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мақоми баланд пайдо намудааст. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии мардум мебошад.

Иштирокчиён доир ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки ин ҷашни бостонӣ ба таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои омӯзиш, ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии Наврӯз муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 18, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи илм дар Институти биологии Помир конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид
«10 РӮЗИ ИЛМ». Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоишҳои илмӣ оғоз шуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд