НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд

Март 19, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз на танҳо ҷашни миллию мардумӣ, балки падидаи муҳими тамаддунсоз буда, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳ, ваҳдат ва таҳаммулпазириро таҷассум менамояд. Чунин иброз гардид зимни конфронси илмию амалӣ, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯз василаи муассири муколаммаи тамаддунҳо ва ташаккули хотираи таърихии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд, зимни конфронс иштирокчиён оид ба аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳё, покизагӣ ва оғози нав дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, имрӯз ба яке аз василаҳои муҳими таҳкими муколамаи тамаддунҳо табдил ёфтааст. Ин ҷашни миллӣ унсури муҳими худшиносии миллӣ ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад.

Таъкид шуд, ки ин ҷашн метавонад ҳамчун омили рушди сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ хизмат намояд. Аз ин рӯ истифодаи оқилонаи мероси фарҳангии ниёгон, аз ҷумла суннатҳои наврӯзӣ, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд