«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — «tojikfilm.tv» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки платформаи миллии синамоии «tojikfilm.tv» бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд.
Дар платформа филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба нархгузории ин платформа ва ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои муосири рақамӣ ва талаботи тамошобинон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ дӯстдорони синамои тоҷик метавонанд ҳама филмҳои миллиро тамошо намоянд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфт, ки ҳадафи асосии таъсиси платформа дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ мебошад. Таъсиси платформаи «tojikfilm.tv» ба муаррифии синамои тоҷик дар ҷомеа нигаронида шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои ин платформа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






