Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад

Апрель 7, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиши забони форсӣ, такмили маҳорату малакаи омӯзгорон ва донишҷӯёни риштаи забони форсӣ, инчунин имконияти густариши ҳамкории минбаъдаи таълимӣ дар вохӯрии намояндагони Донишгоҳи Оксфорд — профессор Эдмунд Ҳерзиг, доктор Фарниёз Закир ва Ани Бет-Мовсес бо ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфордро барои таҷрибаомӯзӣ ва такмили маҳорату малакаи муоширати забони тоҷикию форсӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин ба масъалаи ташкили мактабҳои тобистона ва зимистона дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд ба ин мактабҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар интиҳо ба намояндагони Донишгоҳи Оксфорд китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» бо забони англисӣ тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Апрель 7, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд