«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Апрель 4, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши фарҳангию эҷодӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, дар ҳамоиш беш аз 60 асари рассомии омӯзгорону донишҷӯён таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар асарҳо манзараҳои дилфиреби баҳор, ойинҳои наврӯзӣ, саҳнаҳои ҳаёти мардум, рамзҳои миллӣ ва эҳсоси зебоипарастии ҳунармандон таҷассум ёфтаанд. Меҳмонон ба маҳорати баланди рассомон баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки чунин намоишгоҳҳо барои ташаккули завқи бадеӣ, рушди истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии санъати миллӣ дар сатҳи баланд аҳамияти калон доранд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сироҷиддин Ҷурахонзода оид ба аҳамияти рушди санъати тасвирӣ ва дизайни муосир дар заминаи анъанаҳои миллӣ иброз дошт, ки муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг дар тарбияи насли нави эҷодкорон нақши калидӣ доранд. Маҳз тавассути ҳамгироии таҷрибаи анъанавӣ ва равандҳои муосир метавон сатҳи ҳунари миллиро ба марҳилаи нав бардошт.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода Наврӯзро ҷашни эҳёгар ва рамзи худшиносии миллӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки сиёсати фарҳангии давлат ба ҳифз ва рушди мероси ғании миллӣ, дастгирии аҳли эҷод ва густариши равобити байналмилалӣ равона гардидааст.

Солҳои охир ба рушди муассисаҳои таълимии соҳа, беҳтар намудани заминаи моддиву техникии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти эҷодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон дар саҳни муассиса бо растаҳои ҳунармандии факултаву кафедраҳо шинос шуданд. Дар ин гӯшаҳо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ ва дигар навъҳои санъати амалӣ ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон чунин ташаббусҳоро намунаи беҳтарини эҳёи ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ карданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Апрель 4, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд