Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд

Апрель 9, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар ноҳияи Данғара Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, дар фестивал-намоишгоҳ намояндагони беш аз 60 донишгоҳу донишкада аз 13 давлати хориҷӣ иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки фестивал бо мақсади муаррифии имконоти таҳсил дар муассисаҳои олии хориҷӣ, роҳнамоии ҷавонон барои интихоби дурусти касб ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф ташкил карда шуд. Зимни намоишгоҳ иштирокчиён бо барномаҳои таълимӣ, ихтисосҳо, шароити қабул ва имконияти таҳсил дар хориҷ аз наздик шинос гардиданд.

Намояндагони донишгоҳҳо ба меҳмонон ва довталабон маълумот пешниҳод намуда, ба саволҳои онҳо посух доданд. Инчунин барои ҷавонон имконият фароҳам оварда шуд, ки мустақиман бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуда, дар бораи таҳсил, бурсияҳо ва шароити зиндагӣ дар давлатҳои хориҷӣ маълумот гиранд.

Фестивал дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва рушди робитаҳои байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Он ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсили босифат ва таҳкими робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Апрель 9, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд