Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони Бонки Осиёии рушд дар Душанбе баррасӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон ба ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок, хусусан ба имконияти рушди идоракунии кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шуд. Ҷонибҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳистон, беҳтар кардани инфрасохтори маҳаллӣ ва сатҳи зиндагӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар ин самтҳо метавонад ба тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат ва рушди устувор мусоидат намояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






