Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид

Апрель 10, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон», ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд таҳия гардидааст, дар мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони Бонки Осиёии рушд, аз ҷумла директори гурӯҳии Осиёи Ҷанубу Шарқ ва Уқёнуси Ороми Дафтари бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии рушд Ҷиянфэн Чжан дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ равона шудааст.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои муҳими соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосферӣ ва такмили низоми идоракунии партовҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории судманд дар ин самт барои таъмини рушди устувор ва беҳдошти вазъи экологии мамлакат  аҳамияти муҳим  дорад

Дар анҷом ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои экологӣ изҳори омодагӣ намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ҳифзи муҳити зист таъкид карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид