Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд

Апрель 6, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар даври якуми озмуни «Омӯзгори сол» 36 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд, ки 19 нафарашон ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, омӯзгороне, ки ба даври дуюм гузаштанд, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд.

Дар мушоҳидаи дарсҳои намунавӣ мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ва ҳайати доварон иштирок намуда, ба сатҳу сифати дарсҳо баҳои арзанда доданд.

Бояд гуфт, ки дар ин марҳила ҳар иштирокчӣ кӯшиш менамояд, ки донишу малака ва усулҳои муосири таълимиро ба таври шоиста муаррифӣ кунад.

Омӯзгороне, ки дорои дониши амиқ, маҳорати баланд ва усулҳои самараноки таълим мебошанд, ба даври ниҳоии озмун роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори сол» яке аз чорабиниҳои муҳими соҳаи маориф буда, бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор, такмили маҳорати касбӣ ва дарёфти омӯзгорони болаёқат баргузор мегардад.

Ин озмун дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, ба рушди соҳаи маорифи мамлакат мусоидат мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Апрель 6, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд