Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Забони русӣ дар Тоҷикистон: забон дар асри рақамӣ» Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Форум бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии педагогии Олтой ва Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти умумии Русияву Тоҷикистон — «Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К.Д. Ушинский» доир гардид.
Дар форум масъалаҳои мубрами таълим ва омӯзиши забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф, инчунин баланд бардоштани шавқу рағбати омӯзгорон ва хонандагон ба омӯзиши забони русӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб масъалаҳои муҳими омӯзиш ва рушди забони русиро дар фазои таълимии вилояти Хатлон ва донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зарурати ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияҳои рақамиро дар раванди омӯзиш таъкид намуданд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин форумҳо ба тақвияти ҳамкории илмӣ-таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи таълим мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Иштирокчиёни форум оид ба истифодаи технологияҳои муосир дар таълим, такмили малакаҳои педагогӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд






