Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
РАШТ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии ноҳия карнавали наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Омӯзгорону хонандагон ва меҳмонону фаъолони ноҳия бо либосҳои миллӣ, рамзҳои наврӯзӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ дар ин карнавали бошукуҳ иштирок намуда, бо руҳияи баланди идона, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат фазои идонаро боз ҳам шукуфон гардониданд.
Дар чорабинӣ намоиши анъана ва суннатҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла оростани дастурхони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин суруду рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки бозгӯйи фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани миллати тоҷик мебошанд.
Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози корҳои саҳроию кишоварзӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаҳои ниёгон нақши муассир дорад.
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба омӯзгорону хонандагон табрик гуфта, ба ҳар онҳо сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва дастовардҳои беназир тамано намуд.
Аз ҷониби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт барномаи фарҳангии саршор аз меҳру муҳаббат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт










Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон






