Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд

Апрель 2, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ марҳилаи аввали маросими гусели хатмкунандагони донишгоҳ, ки ба таври ихтиёрӣ  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати Модар-Ватан мераванд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.

Зимни маросими гусел Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандӯстӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.

Соли шашум аст, ки аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иддае ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар мераванд ва қарзи шаҳрвандиро сарбаландона адо менамоянд. Ба ин гуна ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дар раванди таълим, имтиҳонҳои давлатӣ ва пас аз адои хизмат имтиёз ва сабукиҳо дода мешаванд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Апрель 2, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад