Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд

Апрель 12, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Наздики чор моҳ мешавад, ки корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» аҳолии ноҳияро бо 10 намуд маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, ҷурғот, чакка, дӯғоби мевагӣ ва маска таъмин менамояд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабар медиҳад.

Корхонаи саноатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, фаъолияти он ба таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар равона гардидааст. «Шири Ҷайҳун» дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд шуда, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.

Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва воситаи нақлиёти махсус барои ба нуқтаҳои фурӯш дастрас намудани маҳсулот мебошад. Бо ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Ҷайҳун» 50 кас бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Аз ҷумла, 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, 15 каси дигар бо ҷамъоварии шир аз аҳолӣ ва дигар корҳои ёрирасон машғуланд.

Маҳсулоти хоми корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад. Бо ин мақсад 3 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар 4 деҳоти ноҳияи Ҷайҳун нуқтаҳо барои ҷамъоварии шир ташкил карда шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Сокинони ноҳия аз сифати баланд ва нархи дастраси маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшаванда қаноатманд мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад