Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид

Апрель 8, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» аз ноҳияи Сино Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар даври ноҳиявии он хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 аз ноҳияи Шоҳмансур Гурдофарид Шерова,  хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ Юсуф Давлатёров, хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Озода Шомадзода аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» аз ноҳияи Сино Нушофарин Раҷабзода иштирок намуданд.

Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол – 2025» 6-7 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Шартҳои озмун дар қисмати аввали 6 апрел аз корҳои тестӣ ва дар қисмати дуюми рӯз аз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ иборат буд, ки гузаронида шуданд. Дар рӯзи дуюми озмун- 7 апрел ба намоиши дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявии хонандагон баҳо гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол – 2025» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Апрель 8, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд