Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бобати таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машварати методӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, иштирокдорони ҷаласа доир ба камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷудаи китобҳои дарсӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуда, барои такмили мазмуну муҳтаво, беҳтар намудани услуби баён ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосири таълим таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Гуфта шуд, ки китоби дарсӣ роҳнамои асосии ҳар хонанда буда, сифати он ба сатҳи донишандӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳия ва омода намудани китобҳои дарсӣ набояд ба камбудиву норасоиҳо роҳ дода шавад.
Дар анҷоми машварат таъкид шуд, ки ҳамкории зич байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ тақвият ёфта, пешниҳодҳои манзуршуда дар фаъолияти минбаъда ҳатман ба инобат гирифта мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад






