Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) таҳти унвони «Тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсионии иқтисоди рақамӣ» конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Рамазон Абдуллозода баргузории конференсияро қадами муҳиму устувор барои омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ арзёбӣ намуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла «Нақши долонҳои нақлиёти сабз дар баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати ҳамлу нақли байналмиллалӣ ва транзитӣ», «Муҳимияти рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон» ва «Амсиласозии иқтисодию риёзии робитаи байни бартариҳои рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ бо равандҳои рақамкунонӣ дар иқтисод» маъруза намуданд
Таъкид шуд, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун марҳилаи сифатан нави рушд дар заминаи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ, додаҳои калон ва системаҳои интеллектуалӣ ташаккул меёбад. Дар шароити кунунӣ, ки рақобати ҷаҳонӣ босуръат афзоиш меёбад, давлатҳо бояд натиҷаҳои илмӣ ва технологияҳоро ба амалия табдил диҳанд.
Дар конференсия якчанд масъалаҳои марбут ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили энергетика, саноат ва сохтмон, нақлиёт, логистика ва алоқа, технологияҳои инноватсионӣ, амнияти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ва сармояи инсонӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён дар фарҷом иброз доштанд, ки натиҷаҳои конференсия метавонанд ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалӣ барои таҳияи стратегияҳои миллии рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ хизмат кунанд. Конференсия ҳамчун платформаи муҳими мубодилаи дониш ва таҷриба имконият фароҳам овард, ки илми иқтисоди рақамӣ ва роҳҳои татбиқи он дар соҳаҳои гуногун таҳлил карда шаванд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд






