Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд

Апрель 7, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Озодагони деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа паҳлавонон Ғазалшои Давлатшо, Абубакри Акобир, Абубакр Шеров, Субҳиддин Халилзода, Музаммир Каримзода, Муллораҷаб Халифаев, Шерафган Сардоров ва дигарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳоро сазовор гардиданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои паҳлавонони ғолиб ду Шоҳҷоиза — мошин ва туҳфаҳои гуногун гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки як Шоҳҷоизаро Абубакри Акобир соҳиб гардид. Шоҳҷоизаи дигар ба Султон, ки дар ин мусобиқа ҳунару маҳорати арзанда нишон дода, ду ҳарифашро мағлуб намуд, туҳфа карда шуд.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Озодагони деҳаи Сафедорони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дигар паҳлавонон низ ҳунару маҳорати баланд нишон дода, бар се-чор ҳарифашон ғолиб омаданд ва ҷоизаҳо- маблағҳои калони пулӣ, бузу гӯсфанд, асп ва шутурро соҳиб гардиданд.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд