Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид

Апрель 10, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи иловагӣ ба «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Узбекистон оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» дар шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2019» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Татбиқи лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021  60 ҳазор мошинаи ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор телевизор истеҳсол гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор  афзоиш ёфт.

Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст. Инчунин бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷа иқтидори умумии истеҳсоли солонаи корхона то ба 300 ҳазор техника  расонида мешавад.

Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат мекунад. Он ҳамзамон барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати мамлакат замина фароҳам меорад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид