Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд

Май 19, 2026 09:02

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон назар афканда, мебинем ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори мамлакат ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдоми зиёд рӯйи кор омадаанд. Дипломатияи тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ-  бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни давлат нақши муассир дошт. Чунин иброз медорад ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».

— Боиси фараҳмандист, ки 9 сентябр Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихи навини худ– 35-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Дар ин давра дар назди давлати мо яке аз вазифаҳои муҳимтарин  дарёфти мавқеи шоиста ба ҳайси субъекти соҳибихтиёри низоми робитаҳои байналмилалӣ меистод. Дар ин замина Тоҷикистон  бар пояи усули «дарҳои боз» сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро ташкил намуда,  бемайлон пеш мебарад. Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ дорад ва бо онҳо муносиботи дӯстонаю ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун амалӣ намудааст. Кишвари  мо бо якчанд давлатҳои наздику ҳамҷавор робитаҳои шарикиашро то ба сатҳи стратегӣ баровардааст.

Боиси қаноатмандист, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо  Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад. Нигоҳе ба таърихи муосири муносиботи ду давлат аз он дарак медиҳад, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд.

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони «Роҳи бузурги абрешим» маншаъ мегиранд. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибат назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин таъкид намуданд, ки дар рушду таҳкими «Роҳи бузурги абрешим» суғдиҳо, ки аз ҷумлаи гузаштагони мо–тоҷикон мебошанд, саҳми бориз доштаанд. Ба мо дар ин хусус, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои қадимаи суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд. Ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмию академӣ бо унвони «Номаҳои куҳна» мешиносанд. Аз ин ҷост, ки дар ин масир забони суғдӣ корбурди фарогир дошта, нақши «лингва франка», яъне забони муоширати байналмилалиро иҷро мекард. Мо ҳанӯз дар Тоҷикистон намунаи зиндаи ин забони бостонӣ – яғнобиро ҳифз кардаем. Дар ду давлат, аз ҳар ҷое, ки «Роҳи абрешим» мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо то ба ҳол боқӣ мондаанд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин иброз намуданд, ки «мо ҳамеша аз рушди мунтазами ду давлат дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон  мусоидат менамоянд».

Вақте ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳо- Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихоб намудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард. Тоҷикистон Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.

Бо ибтикороти Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Боварӣ дорам, ки ин қатънома ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хизмат хоҳад кард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор гардидаанд, ки аз ин сана беш аз 34 сол сипарӣ гардид.

Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду давлат дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кӯшиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доштани иқтидори фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад. Ҳамчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобили судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудаанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз се шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон аст. Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок ва металлургия «Зарафшон», «Пакрут», «ТВЕА» сармоягузории калон доранд.

Таҳлили равобити дуҷониба  муайян менамояд, ки муносибатҳои иқтисодии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд. Чуноне ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин иброз намуд, «муҳим аст, ки ҳамкории амалӣ густариш дода шавад ва заминаи мустаҳками моддии муносибатҳои Чину Тоҷикистон фароҳам гардад. Ҷониби Чин муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон бо мақсади рушди бештар ва эҳёи ду кишвар нақшаи пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро дорад. Тарҳрезии тадбирҳои нав барои дар оянда афзун намудани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди «Чин-Тоҷикистон», зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим бо назардошти талаботи ду ҷониб, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва олӣ, аз ҷумла мошинҳо бо истифодаи неруи алтернативӣ, манбаҳои барқи офтобӣ ва телекоммуникатсияи кайҳонӣ низ муҳим аст. Мо барои аз Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани корхонаҳои бонуфузи Чин барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди низоми муосири саноатӣ дар Тоҷикистон омода мебошем».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз  менамоянд, ки «мо минбаъд бо мақсади тавсеаи бештари робитаю ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобили судманд, инчунин таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард».

Фарҳанг ва илм низ яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои ҳамкории саҳаҳои гуногун замина фароҳам меоварад. Тоҷикистон ва Чин –давлатҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъда мусоидат намояд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин рӯз аз рӯз афзун мегардад. Омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий фаъолият мекунанд, ки маркази асосии омӯзиши забони чинӣ мебошанд.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Ланҷчоуи Чин ҳамкории зич дорад. Дар заминаи ин ҳамкорӣ мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия тибқи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон омода карда мешаванд. Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар асоси шартнома донишҷӯён ва магистрантони ихтисоси технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ метавонанд ду соли таҳсили худро дар Донишгоҳи захираҳо ва муҳити зисти шаҳри Ланҷчоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин давом дода, дорои дипломи ҳарду донишгоҳ гарданд.

Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай забони тоҷикӣ омӯзонида мешавад. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази таҳқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон​ ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ–техникии Чанҷоу Маркази таҳқиқоти Тоҷикистон амал менамоянд.

Ҳамасола дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» баргузор карда мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок мекунанд.

Аз   соли 2018 дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин омӯзиши забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон «Маркази Тоҷикистон»  таъсис дода шудааст.

Таъсиси «Маркази Тоҷикистон» дар ин донишгоҳ, ки дар доираи он омӯзиш ва тарғиби забони тоҷикӣ,  муаррифии фарҳангу таърихи миллати тоҷик, расму русум ва анъанаҳои суннатии мо, ҳамчунин муқаддасоти миллӣ, дастоварду ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. То имрӯз даҳҳо китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ тарҷума шудаанд. Намунаи барҷастаи онҳо асари донишманди бузурги тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна» ба забони чинӣ ва «Тоҷикон: расму ойин ва фарҳанги мардумӣ» ба забони тоҷикӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман ба тариқи онлайн дар барномаҳои гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин ба тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ҳамкории дуҷониба дошта, ин ба олимону аҳли зиёи кишварамон имконият медиҳад, ки равобити илмиро бо ин мамлакати дӯсту бародар боз ҳам тақвият бахшанд.

12 майи соли 2026 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиднд.

Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории илмӣ–техникӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳқиқот ва таҳияи барномаҳои муштарак ва татбиқи технологияҳо дар истеҳсолот мусоидат мекунад. Дар доираи ин санад омодасозӣ ва мубодилаи кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар назар аст. Инчунин озмоишгоҳҳои муштарак таъсис дода шуда, ҳамкории мунтазам дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни муассисаҳои таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳои баландтехнологии ҳарду ҷониб тақвият дода мешаванд.

Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои «сабз» барои солҳои 2026–2028 аз санадҳои дигаре аст, ки дар ин вохӯрӣ имзо шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.

Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонид.

Бо қарори Шурои илмию таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон дар бораи дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ, ки толибилмони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ба таҳсил фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро муваффақона хатм намудаанд. Ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Таъкид гардид, ки масъалаҳои илму маориф ва рушди неруи инсонӣ бо назардошти нишондиҳандаҳои таркиби аҳолии кишвар аз рӯйи синну сол ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати мо муайян гардидаанд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ ҳамчунин дар бораи робитаҳои байналмилалии илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ андешаронӣ карда, саҳми онҳоро дар қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни мардумон муҳим арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат медонем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд. Аз ин шумора қариб шаш ҳазор нафар дар Чин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд. Дар ин замина таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад. Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд. Изҳор карда шуд, ки дар доираи сафари кунунӣ байни мақомоти соҳавии ду давлат санади дахлдор оид ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид.

Имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аъзои  шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчунин метавонанд тавассути ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкории иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин ҳамкорӣ дар оянда низ рушду тавсеа ёбанд. Рушди ҳамкорӣ ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст. Аз ин рӯ суботу амнияти Осиёи Марказӣ ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои Чин хеле муҳим аст.

АКС аз муаллиф

Май 19, 2026 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон