Дар Душанбе ҷаласаи Ситод оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баргузор шуд

Июль 30, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони корхонаҳои соҳаи энергетикаи кишвар ҷаласаи навбатии Ситод оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барои бе мушкилот сипарӣ намудани фасли тирамоҳу зимистон аз масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ», марказҳои барқу гармидиҳии – 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳо тақвият додани фаъолият тақозо карда шуд.

Ҳамчунин зарур дониста шуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ, санҷиши таҷҳизоти энергетикӣ, омодасозии шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва захира намудани маводи зарурӣ тибқи нақша ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд
Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст