Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд

Сентябрь 22, 2026 15:33

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгарони тоҷик Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро барои Тоҷикистон соҳиб шуданд.

Бояд гуфт, ки Мирзобек Умаров дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то 60 кг баромад карда, дар рақобати ниҳоӣ бар варзишгари Узбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Варзишгари тоҷик Мирзобек Умаров дар финал баромад карда, бартарии худро то анҷоми рақобат нигоҳ дошт ва бо ин пирӯзӣ ба зинаи аввали мусобиқа баромада, соҳиби унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ-2026 гардид. Ин медали тилло барои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии имсола аҳамияти хос дорад, зеро он аввалин медали тиллои ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давраи мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Варзишгари дигари тоҷик Отабек Раҷабов аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта дар вазни то 65 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Дар финал Отабек Раҷабов аз намуди санъати муҳорибаҳои омехтаи Traditional бар намояндаи Филиппин Жан Клод Саклаг бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.

Ҳамчунин Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни то 71 кг дар намуди муҳорибаҳои омехтаи навин барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ-2026 шуд. Медали ӯ чорумин медали варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои осиёии кунунӣ аст, ки дар Ҷопон идома доранд.

Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду медали тилло, як нуқра ва як биринҷии ин мусобиқаро соҳиб шудааст. Ҳамчунин медали тиллои Отабек Раҷабов ҳаштумин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз варзиши намуди гурзандозӣ, ду медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев аз намуди бокс, як медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков аз намуди гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои ХХ Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар шаҳрҳои Айти ва Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 45 давлат иштирок доранд. Аз Тоҷикистон 107 варзишгар дар намудҳои гуногуни варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2026 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд