Дар мавзеи «Сари Хосор» машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо гузаронида мешаванд

Июль 26, 2016 16:42

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  18 июли соли равон дар мавзеи  «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони машҳур аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба навъҳои варзиши гуштингирӣ, якҳарбаҳои шарқӣ (панкратион) машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, барои машқҳои дастаҷамъона ва тамринҳо мураббиён ва мутахассисони соҳавӣ аз федератсияҳои мухталифи варзишии ҷумҳурӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, бокс, муҳорибаҳои омехта ва кикбоксинг ҷалб шуда, дар баробари такмили маҳорати варзишӣ ва омӯзиши усулҳои беҳтарини касбӣ, инчунин дарсҳо дар мавзӯъҳои меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Федератсияи муҳорибаҳои омехта «Панкратион»-и кишвар, дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Июль 26, 2016 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад