Анвар Юнусов бар муштзани Чин Ҷун Шан пирӯз шуд
Душанбе, 07.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Бино ба иттилои КМО кишвар, қувваозмоии Анвар Юнусов ва Ҷун Шан 6-уми август соати 18:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август бо вақти Душанбе) баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик бар ҳарифи худ дастболо гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин рақобати сеюми Анвар Юнусов ва Ҷун Шан мебошад. Қаблан ҳарду муштзан соли равон бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфт.
Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.
Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ кард ва пирӯзӣ ба даст овард.
Рақиби Анвар Юнусов дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 18:20 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:20 шаби 10-уми август бо вақти Душанбе) доир мешавад, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мебошад. Бар асоси қуръакашӣ ӯ бидуни даври аввал ба даври дуввум роҳ ёфт.
Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматои Қазоқистон) ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.
Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севвум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.
Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дуввумаш омодагӣ мебинад.













Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд






