Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» варзишгарони 17 мамлакати дунё қувваозмоӣ мекунанд

Сентябрь 30, 2016 10:29

Ваҳдат, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои баргузории чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъулини шаҳри Ваҳдат ва кумитаву вазоратҳои дахлдор кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқа таъсис додаанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани мусобиқаи мазкур варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ва толорҳои варзишии он таъмири пурра гардида, атрофи варзишгоҳро бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро додаанд. Инчунин кӯчаҳои маркази шаҳрро аз партобҳо тоза намуда ва барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагии ҷиддӣ мебинанд.
Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Азиззода, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 5 октябр дар шаҳри Ваҳдат доир мешавад, аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат маблағгузорӣ мегардад.
Маблағи ҷоизаи мусобиқаи мазкур барои ғолиби ҷои аввал- 56 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм- 32 ҳазор сомонӣ ва барои ду ҷои зинаи сеюм 16 ҳазор сомонигӣ муайян гардидааст.
Имсол дар чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» варзишгарони Тоҷикистон, Ҷопон, Амрико, Куба, Непал, Покистон, Афғонистон, Эрон, Беларус, Русия, Италия, Мисри Араб, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қувва меозмоянд.

Сентябрь 30, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд