Месси, Роналдо ва Гризман -cе муддаӣ барои унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар мавсими соли 2016 аз ҷониби FIFA
Душанбе, 5.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мессии аргентинагӣ, Роналдои португалӣ ва Антуан Гризамани фаронсавӣ ба рӯйхати муддаиён ба унвони беҳтарин бозингари ҷаҳон дар мавсими соли 2016 аз ҷониби FIFA пешниҳод шуданд. Дар ин бора сомонаи www.fifa.com хабар медиҳад.
«Ғолиби унвон 9 январ дар маросими бошукӯҳе, ки дар шаҳри Тсюрихи Швейтсария барпо мегардад, расман эълон хоҳад шуд. Месси дар ҳайати дастаи «Барселона» ғолиби унвони чемпионӣ ва Ҷоми Испания гардидааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина Месси дар Чемпионати Амрикои Ҷанубӣ то бозии ниҳоӣ расида, аз дастаи мунтахаби Чилӣ мағлуб шудааст»,-хабар дод манбаъ.
Ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид Криштиано Роналдо дар мавсими соли гузашта соҳиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо гардида, дар бозии ниҳоӣ бар «Атлетико» ғолиб омадааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия унвони чемпиони Аврупоро ба даст оварда, дар бозии ниҳоӣ бар дастаи мунтахаби Фаронса пирӯз шуд.
«Антуан Гризман дар ҳайати дастаи Атлетико то ба бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо роҳхат гирифтааст. Дар Чемпионати Аврупо дар соли 2016 нишонзани беҳтарин эътироф шудааст»,-омадааст дар сомона.
Ба ҳамин тартиб FIFA ҳамкории худро 16 сентябр бо маҷаллаи «France Football» дар мавриди муайян кардан ва супоридани Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ба футболбози беҳтарини ҷаҳон, ки аз соли 2010 идома дошт, қатъ кард. Маҷалла минбаъд беҳтарин бозингари ҷаҳонро аз рӯи тартиботи нав муайян мекунад.








Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд






