Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Декабрь 26, 2016 08:25, 295 хонанда
Э. Рахмон-сомолёт

ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Декабрь 26, 2016 08:25, 295 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

flag_tajikistana-300x150Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Венгрия Янош Адер
Парчами Точикистону ЭронБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
31569995503_79077d3c04_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер
kasri-millat-1-3Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Касри миллатҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомали Рахмон ва Алмазбек АтамбоевБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев
Паёми Пешвои миллат бахшида ба Иди РамазонМуроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар,
31422221984_b49dbba577_zТағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
kasri-millat-1-2Таъиноти кадрӣ
Касри миллатҚарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
32223929525_9eae513905_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс
19-rogun-2Солномаи Пешвои миллат-2016