Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ

Декабрь 6, 2016 14:38

Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Йоҳаннес Линн, собиқ ноиб-Президенти Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар айни замон дар вазифаи мушовири сатҳи баланди Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият намуда, инчунин вазифаи Директори иҷрокунандаи Маркази Рушди Вулфенсонро ба зимма дорад, 5 декабри соли равон аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ошно намуда, иброз дошт, ки ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар ва дастгирии молиявии онҳо дар ташаккули сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад.
«Зимни мулоқот тарафҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мемонанд»,-иттилоъ доданд аз БМТ.
Йоҳаннес Линнро дар мулоқот Лилия Бурунчук, Директори кишварҳои Осиёи Марказӣ, Саша Ҷумена, ҳамоҳангсози барномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Патрисиа Виверс-Картер, Роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Декабрь 6, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Остона дар ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуд
Вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми минтақавӣ ва байналмилалӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар самти муқовимат ба коррупсия машғулияти муштараки Тоҷикистон ва Беларус гузаронида шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол беш аз 36 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол беш аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад
Дар шаҳри Левакант дар шароити хона занбурӯғ парвариш карда мешавад
Дар Душанбе бо ҳайати сармоягузорони Амрико ва Британияи Кабир мулоқот доир шуд