Вазорати фарҳанг: Корҳои омодагӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Январь 17, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара  оид ба  натиҷаҳои фаъолияти вазорат  дар соли 2016  ва самтҳои минбаъдаи афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар соли 2017  баргузор гардид. Дар ин бора аз  Маркази матбуоти  Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Ҳайати мушовараи вазорат бобати таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат, фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ,  тағйироти иҷтимоию фарҳангӣ дар мамлакат, такмили фаъолият, беҳтар намудани сифату самараи фаъолияти муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ,  табъу нашр, рушди таҳқиқоти илмӣ,  таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули маънавии ҷомеаи stop-ed-meds.com Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ҷаласа Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рӯзҳои фарҳанг ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеъ дастуру супоришҳои қатъӣ дода,  оғози    корҳои омодагиро ба пешвози  ин санаҳои муҳими кишвар таъкид сохт.

Январь 17, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд