Дар шаҳри Хоруғ хатнатӯйи кӯдакони оилаҳои камбизоат доир шуд

Март 22, 2017 11:02

ХОРУҒ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳалӣ хатнатӯи 35 нафар  кӯдакони оилаҳои камбизоатро баргузор намуданд.
Арамбегим Маҳтобшоҳзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кӯдакон ва волидони онҳоро ба ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, иброз дошт, ки яке аз фазилатҳои ҷашни Наврӯз дасти кӯмак дароз намудан ба бечорагон мебошад.
Ҳамчунин Арамбегим Маҳтобшоҳзода  зикр намуд, ки Пешвои миллат дар мулоқотҳои худ ҳамеша  таъкид мекунад, ки оилаҳои ниёзманд,  хусус кӯдакони ятим дастгирӣ карда шаванд, то онҳо худро танҳо ва заиф эҳсос накунанд.
Дар  хатнатӯй  30 нафар нафақахӯрони яккаву танҳо  низ даъват гардида,  ба онҳо туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.

Март 22, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд