Ба мансаби раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб минбаъд киҳо таъйин гардида метавонанд?

Апрель 5, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 05.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне ба мансаби раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Ин мансабдорон дар ҳолати соҳиб гардидан ба шаҳрвандии дигар кишвар ҳуқуқ надоранд дар вазифаҳои зикргардида фаъолият намоянд. Дар ин росто 5 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид намуданд.
А.ХоликовАбдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 22 майи соли 2016 ба он тағийроту иловаҳо ворид гардида буданд.
Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми олии назорати молиявист, соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Самти фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назорат ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва гузаронидани аудити берунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудааст. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба Президент ва Парлумон тобеъ буда, раис, муовини раис ва 5 нафар сараудитор аз ҷониби Президенти кишвар таъйин карда мешаванд. Ҳамзамон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири «INTOSAI», «ECOSAI», «ASOSAI» мебошад.

Апрель 5, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Узбекистон вохӯрии роҳбарони дастгоҳи парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зарурати воқеӣ мебошад»
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Форуми дуюми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ХОНАИ ҲАР ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИРО РӮШНОӢ МЕБАХШАД. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд
САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд
Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд