Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ

Май 28, 2017 08:35

ДУШАНБЕ, 28.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Нахуст дар кори ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои вобаста ба рўзномаи кори он  дар нишасти ҳайатҳои маҳдуд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба  рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таваҷҷуҳи асосӣ  зоҳир карда шуд.

Баррасии пурраи рӯзномаи ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ва мубодилаи афкори самарабахши ҷонибҳо дар нишасти васеи ҳайатҳои иштирокчии ҷаласа  идома ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ИДМ  баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13 масъалаи муҳим муҳокима гардида, аз натиҷаҳои муҳокимаҳои онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Зимни суханронии худ дар  ҷаласаи Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар роҳбарони ҳайатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро дар самти густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид доштанд, ки маҳз дар асоси ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ба манфиат метавон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи Иттиҳод ноил гардид.

Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа ин шартнома дар бораи таъмини бехатарии роҳу нақлиёт дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2017-2019 буд. Ин шартнома такмили заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои тиҷоратӣ дар фазои ИДМ ва содироту воридоти молу маҳсулоти гуногунро фаро мегирад.

Дар ҷаласа доир ба нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои то соли 2020, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар бораи омўзиш, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ ва кадастраи замин,  дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо истеҳсол ва тақсими маҳсулоти қалбакӣ, дар бораи Созишнома оид ба меъёрҳои техникӣ-ҳуқуқӣ, баҳодиҳии мутобиқат, стандартизатсия, метрология, аккредитатсия ва дар соҳаи энергетикаи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, доир ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра санадҳои дахлдор ба  имзо расиданд.

 

Май 28, 2017 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад