Кӯлоб: ҷавонон соҳиби кор мешаванд

Май 6, 2017 13:38

ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи минтақавии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар ярмарка аз ҷониби 70 ташкилоту муассисаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб 837 ҷойи корӣ ва вазифаи озод ба корҷӯён пешниҳод шуд. Дар ин рӯз 104 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 71 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мақсад аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба меҳнат ва шуғл мебошад. Инчунин таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ аст, ки ба ин васила сатҳи зиндагии худро метавонанд беҳтар намоянд.

Май 6, 2017 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад