Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рўзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов ҳунарнамоӣ карда, тамошобинони ӯзбекро ба ваҷд оварданд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаи консертӣ ҳамчунин ансамбли овозадори рақсии «Зебо» ҳамчун муаррифгари санъати рақсии тоҷик бо рақсҳои зебову мафтункунанда таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намуд.
Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон то 14 октябр идома меёбанд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






