Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия аз Шаҳраки саноатӣ дар Анқара

Январь 20, 2018 10:40

Душанбе, 20.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли 2018 ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади шиносоӣ ва омузиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ дар кишвари иқомат аз Шаҳраки саноатии “Иведик”-и шаҳри Анқара боздид намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия М.Раҷабиён бо Раиси ин Шаҳраки саноатӣ Ҳасан Гӯлтекин баргузор гардид. Дар раванди мулоқот  дар баробари дарёфти маълумоти фарогир оид ба таҷрибаи Шаҳрак, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб дар ин замина сафари ҳайатҳои соҳибкорони ду кишварро ба мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, баррасии имконияти ҳамкориҳо, омузиши таҷрибаи пешқадам, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технологияи нав ва афзоиши гардиши мол муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳайати Сафорат ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои алоҳидаи соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий шинос шуданд. Шаҳраки саноатии “Иведик”калонтарин шаҳраки саноатии шаҳри Анқара мебошад, ки иқтидори солонаи иқтеҳсолии он ба 6 млрд доллари ИМА баробар аст.

Январь 20, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд