Даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид

Февраль 17, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҷамъбасти даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони  шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур  ҳавасманд намудан ва дастгирии муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳо баҳри ташаккули минбаъдаи маҳорат ва малакаҳои хонандагони болаёқати пойтахт  ва омӯзгорони навовар мебошад.

Дар баробари сарфароз гардонидани хонандагони болаёқат бо медалу ифтихорномаҳо  ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин  ҷоизаи «Беҳтарин дастаи хонандагони ноҳияҳои пойтахт» барои иштироки фаъол ва гирифтани миқдори зиёди ҷойҳои намоён, ҷоизаи «Беҳтарин дастаи муассисаи таълимии шаҳр Душанбе» барои ишғоли бештари ҷойҳои ифтихорӣ ва «Беҳтарин волидайн» барои тарбияи намунавии ду ё се фарзанд, ки дар Олимпиадаи мазкур иштирок ва сазовори ҷойҳои фахрӣ гаштанд, тақдим карда шуд.

Дар Олимпиадаи даври сеюми фаннии хонандагони шаҳри Душанбе 1414 нафар довталабон иштирок намуданд. Шумораи умумии ғолибон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 200 нафар ва дар байни гимназияву литсейҳо 244 нафарро ташкил намуд. Аз ин миқдор дар байни хонандагони синфҳои 11-ум  148 нафар ғолиб гардида, барои иштирок дар олимпиадаи даври чоруми фаннӣ роҳхат гирифтанд.

Февраль 17, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд