ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон бориши башиддати борон ва вазиши сахти бод дар назар аст

Февраль 15, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои пуршиддат, барф ва вазиши сахти бод дар назар аст.

Имрӯз, 15 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона ва рӯзона 2-3 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар водиҳо боришоти сахти борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 3-8 ва рӯзона 2-3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Февраль 15, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод