«Фурӯғи субҳи доноӣ…». Нақшаи баргузории даври сеюми озмун ва ҳайати ҳакамон мушаххас гардид

Октябрь 22, 2019 11:24

ДУШАНБЕ, 22.10.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 оид ба доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» нақшаи баргузории даври сеюми озмун ва ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид. Тибқи ҷадвали нақшаи баргузории озмун, даври сеюм аз 12 ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардидааст.

Баргузории озмуни мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори паҳлӯҳои мухталифи сиёсати пешгирифтаи  Сарвари давлат рушди неруи маънавии ҷомеа  низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Дар нақша аст, ки баргузории  даври сеюми озмуни мазкур аз 12 то 14 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- шаҳри Ваҳдат, Роғун, ноҳияи Лахш, Тоҷикобод, Файзобод, Сангвор ва Нуробод гузаронида шавад.

Ҳамчунин озмуни мазкур аз 15 то 17 ноябр дар шаҳри Душанбе, аз 18 то 20 ноябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 21 то 23 ноябр дар вилояти Суғд, аз 24 то 26 ноябр дар вилояти Хатлон ва аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Ҳисор, ки дар он аз шаҳру нояҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат меварзанд, гузаронида мешавад.

Барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани озмуни мазкур шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  муваззаф гардонида шудаанд.

Тавре аз мазмуни бандҳои низомнома бармеояд, мақсаду ҳадафи озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги китобдориву китобхонӣ ба ҳисоб меравад.

Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ шӯълавар намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Даври якуми озмун  нимаи дуюми моҳи июн дар маркази деҳот ва шаҳрак ва даври дуюми озмун моҳи июл дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор гардида буд.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, «аз охири моҳи июл то охири моҳи октябр бо мақсади хондани  китоб ва аз ёд кардани ашъори адибон барои ғолибоне, ки дар озмуни вилоятӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд, вақти иловагӣ дода мешавад.

Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Даври чоруми озмун барои ин шаҳру ноҳияҳо моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссияи озмун бо имзои раиси вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.

Даври чоруми  озмун  барои ғолибон то 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷамъбаст мешавад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст аст, ки чунин озмун доир  мегардад. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъбаст ба иштирокчии фаъол, ки шартҳоро аз рӯйи талаботи Низомномаи  озмун иҷро мекунад, Шоҳҷоиза ба маблағи  50000 сомонӣ тақдим мегардад.

Октябрь 22, 2019 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад