ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев дар Хоруғ бинои 13-ошëна месозад
ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маркази шаҳри Хоруғ хишти аввали бинои 13-ошëна гузошта шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев тасмим гирифтааст, ки дар ободонии шаҳри Хоруғ саҳми арзанда гузошта, бинои 13-ошëна бунёд намояд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин бинои замонавӣ мавриди истифода қарор гирад.
Мавриди зикр аст, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз истиқлолият симои худро куллан дигар намуд. Аз ҷумла, қомат афрохтани биноҳои баландошëна ва ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Ҳисор биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза гирифтааст
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад






