БА ПОСИ ХОТИРИ «ОДАМ-УШ-ШУАРО». Дар Москва нимпайкараи Абуабдулло Рӯдакӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва, дар Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов маросими ифтитоҳи нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, шоири барҷастаи асри миёнаи Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз пойтахти Россия.
Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ректори Донишгоҳи давлатии Москва Виктор Садовничий, директори Институти кишварҳои Осиё ва Африқои ДДМ Игор Абилгазиев, Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Федератсияи Россия Меҳдӣ Саноӣ, мушовир-фиристода, кордори муваққатии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Федератсияи Россия Моҳтаат Ҳумоюн, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шараф Раҳимов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Москва ширкат варзиданд.
Дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Устод Рӯдакӣ ректори ДДМ академик Виктор Садовничий аз ҷумла иброз дошт: «Падари шеъри форсӣ» дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозидааст. Ӯ мардумон ва фарҳанги минтақаро муттаҳид сохт. Эҷодиёти ӯ, шеърҳо, достонҳо ва қасидаҳояш ҷовидонаанд ва барои ин халқҳо ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд».
Дар охири маросими тантанавӣ донишҷӯёни кафедраи филологияи эронии Институти кишварҳои Осиё ва Африқо аз ашъори Рӯдакӣ бо забони форсӣ шеърҳо қироат намуданд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз,
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд…









Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд






