Шамсиддин Орумбекзода дар Конфронси вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИСЕСКО иштирок дорад

Декабрь 17, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 декабр дар шаҳри Туниси Ҷумҳурии Тунис 11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат дорад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур баррасии татбиқи Стратегияи инкишофи фарҳанг барои ҷаҳони ислом мавриди муҳокима қарор мегирад. Зеро масъалаи мазкур  дар Конфронси 10-ум пешниҳод гардида буд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки дар конфронс лоиҳаи барномаҳои фарҳангӣ ва  дурнамои густариши муносибатҳои фарҳангӣ, ки минбаъд бояд амалӣ гарданд, таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг, Созмони ҳамкории исломӣ ва дар маҷмӯъ ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким бахшад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) созмонест, ки аз ҷониби Созмони Конфронси Исломӣ моҳи майи соли 1979 таъсис ёфтааст. Ҳадафи созмони мазкур таъмини ҳамбастагии ислом ва ба шакли мувофиқу муосир даровардани он мебошад.

Ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) аз 21 то  23 ноябри соли 2017  дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон доир гардида буд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуд.

11-умин Конфронси вазирони фарҳанги Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) то 19 декабр идома меёбад.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 17, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд