Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона орзу карданд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ доир ба шукуҳу шаҳомати ҷашни хусравонӣ, эҳё ва риояи анъанаву суннатҳои неки аҷдодон, тадбирҳои созандагӣ, тозагию озодагии муҳит ва хонадон, иҷрои корҳои саховатмандона бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, ки аз рукнҳои хоси наврӯзи ниёгон аст, андешаронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми вилоятро дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки сокинони ватандӯсти вилояти Суғд дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногунро ба роҳ мондаанд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома дорад.
Дар охир бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷашни наврӯзиро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат аҳли ҳунар ва устодони санъати кишвар барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.









Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон






