Дар Душанбе гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт манъ гардид

Апрель 16, 2020 09:48

ДУШАНБЕ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва  меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ҳифзи  солимии  аҳолӣ гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  роҳбарияти пойтахт ин амалро бо мақсади солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти COVID 19  роҳандозӣ намуд.

«Чун анъана ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешуданд. Вале бо дарназардошти вазъияти баамаломада, имсол  дар ин рӯз  дар пойтахт  гузаронидани маъракаҳои серодам  ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ гардид».

«Имсол маросими  ҷоизасупорӣ ба  ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустию маориф ва дигар озмунҳои шаҳрӣ  бе оростани ҷамъомади тантанавӣ сурат мегирад», -афзуд манбаъ.

Апрель 16, 2020 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст