Консули генералии Тоҷикистон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик дар Урал ҷаласаи онлайнӣ гузаронид

Май 15, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва фаъолоне, ки дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Курган, Тюмен, ҳавзаҳои мухтори Ханти-Манси ва Ямало-Ненетски Федератсияи Россия фаъолият доранд, ҷаласаи онлайнӣ гузаронид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласаи онлайнӣ дар бораи аҳамияти дубора фаъол намудани Шӯрои машваратӣ дар назди Консулгарии генералии Екатеринбург дар сатҳи нав, бо назардошти хусусиятҳо ва вазифаҳои давраи мубориза бо коронавирус зикр шуд.

Роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳое, ки оид ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҳамватанон, ки дар шароити паҳншавии коронавирус ба мушкилоти гуногун дучор омадаанд, маълумот доданд. Зикр гардид, ки ҳеҷ як ҳамватане, ки гирифтори коронавирус аст ё шахсони фавтида аз ин беморӣ, хешовандон ва наздикони онҳо аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхорӣ дур намемонанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба пурзӯр кардани кор дар байни донишҷӯёни Тоҷикистон, зарурати дастгирии иҷтимоии онҳо ва амсоли инҳо равона шуд.

Май 15, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд