Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор мешавад

Март 11, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 март дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан,  Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.

Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз- ин омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ мебошанд.

Наврӯз ҳамзамон замони таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллатҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад