ЛОИҲАИ СОЗИШНОМАИ МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ МАЪҚУЛ ДОНИСТА ШУД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Ашқобод маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт. Рӯзномаи маҷлис бештар аз 20 масъаларо дар бар