МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРИ ИҚТИСОДИЁТИ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти имрӯз бо вазири иқтисоди Давлати Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Аргандавол мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат муҳокима шуданд.