Барраси масоили танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳузури муовини сарвазир
Душанбе, 19.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз дар назди муовини сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 маҷлис доир гардид.