Парлумон ба қонуни матбуоти даврӣ илова ворид намуд
Душанбе, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ» иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он минбаъд фаъолияти Васоити ахбори омма /ВАО/ бо қарори муассис, бо сабаби азнавташкилдиҳии ВАО ва бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби ВАО риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи он ба ВАО дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, муҳлати барқарор намудани онҳоро муқаррар менамоянд.
Зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар назди вакилон гуфт, ки қисми 3 моддаи 11 иловаи 2 бо пешниҳоди гурӯҳи корӣ аз лоиҳа хориҷ карда шуд, ки он марбут ба меъёрҳои одоби журналистист. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Тоҷикистон беш аз 600 рӯзномаю маҷалла ва оҷонсии иттилотӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумора 363 рӯзнома хусусӣ ва танҳо 106 ададаш давлатист.








Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд






