Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон
Душанбе. 30.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе дар доираи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода- раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» вохӯрӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин намояндагон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Сардори шуъбаи тарбияи филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова зикр намуд, ки мақсади асосии чорабинии мазкур таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба шаҳрвандон расонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба раванди омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






